Меҳрии Шоҳҳусейнӣ – Эрон

Баҳор

Боз баҳор омада, панҷараро боз кун,

Бо нафаси тозаат, шўри дигар соз кун.

Сабзаи саҳро нигар, бистари сад лола шуд,

Бо пари андешаат, шавқ ба парвоз кун.

Нолаи пойиз рафт, сўзи зимистон гузашт,

Соли нав аз роҳ расид, зиндагӣ оғоз кун.

Нағмаи булбул шунав, рақси шақоиқ бубин,

Дастфишон пойкўб, уқдаи дил боз кун.

Ҳарчӣ ба ҷонат ғам аст, дар дили саҳро бирез,

Ашк ба доман марез, чораи ин соз кун.

Туҳмати беҳўдагӣ, дур кун аз ҷони хеш,

Марями андешаро борвар аз роз кун.

Боди Масеҳодам аст, зинда кунад мурдаро,

Зинда шав аз шўри ишқ, боз ҳам эъҷоз кун.

***

Шиша ва санг

Боз дишаб хоб дидам хобро,

Шишарову сангрову обро.

Хоб дидам мисли оби равшанӣ,

Гоҳе аз ман дуру гоҳе бо манӣ.

Хоб дидам зиндагӣ дарду ғам аст,

Захмро номи ту аммо марҳам аст.

Аз ту осон мешавад ҳар мушкилам,

Шодмонӣ аз ту мегирад дилам.

Ғари номат бар забонам ном нест,

Ҷуз туам кас мояи илҳом нест.

Дар дилам пўёни ту парвардаам,

Жола бар гулбарги ишқ овардаам.

Жолагул, пўён чу боғи зиндагист,

Номи ту аммо чароғи зиндагист.

Рўшноӣ ёфт аз ту ҳастиям,

Номи ту шуд мояи сармастиям.

Ҷуз ту аз ин сўзу аз ин сози дил,

Бо кӣ бояд гуфт охир рози дил.

Рози ман ин аст, ин ман хастаам,

Шишаи оинаи бишкастаам.

Шишаам, аммо зи ҷаври рўзгор,

Чеҳраам пўшида аз гарду ғубор.

Дар ҷавонӣ ин ки афсурда манам,

Сангу оҳан нестам, охир занам.

Бишнав аз ман қиссаи ин дардро,

Сўзи ашки гарму оҳи сардро.

Бингар инак чун гуле пажмурдаам,

З-он ки дар ин хона ман афсурдаам.

Чист хона, ҷойгоҳи ишқи мо,

Сақфу девораш паноҳи ишқи мо.

Лек гоҳе мешавад зиндони ман,

Ину он ҳам ҳамчу зиндонбони ман.

Чун расанд аз роҳ озорам диҳанд,

Эй дареғо, ҷойи гул хорам диҳанд.

Гоҳ-гоҳе мерасанд аз дуру дер,

То маро аз ҷони худ созанд сер.

То ки рўҳамро ба санге бишкананд,

Ё ки бар кошонаам оташ зананд.

Дигарон санганду ман чун шишаам,

Ваҳшате афтода дар андешаам.

Ваҳшате дорам, ки дарҳам бишканам,

Кас надонад шишааст ё ин манам.

Оҳ, эй маънои дарёи зулол,

Вораҳон ҷони маро аз ин хаёл.

З-онки танҳо ҷонпаноҳи ман туӣ,

Ошнои ашку оҳи ман туӣ.

Гар нагирад дастат акнун дасти ман,

Нест хоҳад гашт рўзе ҳасти ман.

З-онки ман худ дидаам дар хобҳо,

Шишаҳову сангҳову обҳо.

مهری شاه حسینی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *