Меҳринисо Бобобекова-Тоҷикистон

Эй дўст

Ҳанўзам, ки умеди зиндагонист,

Барои ту ғазал мегўям, эй дўст.

Ҳанўзам, ки баҳор асту ҷавонӣ,

Гули ёди туро мебўям, эй дўст.

Саҳар чун шона мепечад ба мўям,

Кушода уқдаҳо, мемўям, эй дўст.

Ғубори хотири неки туро ман,

Ба ашки шодиҳо мешўям, эй дўст.

Агар афтам чу дона зери поят,

Ба марзи ёдҳо мерўям, эй дўст.

Ҳанўзам, ки ҳанўз асту ҳанўз аст,

Биё бар хилвати гесўям, эй дўст.

***

Ташна

Офтобо ташнаи нурем, нур,

Осмоно, қалби мо аз ғусса пур.

Абри найсон аз найистонҳо гузар,

Ормоно, дар дили тангам намур.

Кўҳсоро, сабри ман омад ба сар,

Рўдборо, мешавад аз худ бадар.

Рўзгоро, ин чӣ рўз асту чӣ ҳол,

Ки ватандорон ғарибу дар ба дар.

Оҳ аз ин танҳоию дармондагӣ,

Бахти бадбахту фиреби зиндагӣ.

То ки ҷон андар лаб аст, ҷон меканам,

То канад завлонаҳои бандагӣ.

***

Ту куҷо будӣ?

Лаҳзаҳое, ки дилам ғарқи ҳавас буд,

Лолаҳои сурхи ман тозанафас буд.

Дар лабам номи ту фарёди ҷарас буд,

Ту куҷо будӣ, куҷо?

Ту бигў, эй хуби хубам, дами ошиқ буданам,

Ку ба ку дар пайи дидори ту лўлӣ шуданам.

Мў ба мў сўхта дар миҷмари ғам осуданам,

Ту куҷо будӣ, куҷо?

Ту куҷо будӣ, ки хонам ба ту афсонаи дил,

Ашк аз дида фишонам, ки биё, хонаи дил.

Эй тавони ману хоби хушу девонаи дил,

Ту куҷо будӣ, куҷо?

مهرالنساء بابابیک آوا — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *