Медалҳои тилло ва нуқраи олими тоҷик Аловиддинзода Рухшона
Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз дастовардҳои ихтироъкорону ходимони илмии тоҷик изҳори хушнудӣ намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, Аловиддинзода Рухшона Аловиддин — номзади илмҳои химия, ходими пешбари озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Химияи глитсерин» ба номи узви вобастаи АМИТ, д.и.хим., профессор Кимсанов Б. Ҳ. дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор (рўзҳои 20-23-юми июли соли 2023), ки дар маркази байналмилалии намоишгоҳи Корея «KINTEX» дар шаҳри Коянги Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, иштирок намуда, бо ду ихтирооти худ — «Тарзи ҳосил кардани 1 хлор-3-глитсилглитсилопропан-2 ол» ва «1,5-дифенил-3,7-диметиленпергидо-оксини фаъолияти зидибактериявӣ» бо медали тилло ва нуқра сарафроз гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ин чорабинии бонуфуз аз ҷониби Ассотсиатсияи занони ихтироъкори Корея «KWIK» дар ҳамкорӣ бо «KIP» ташкил карда шуда, ҳадафи он мусоидат ва эътирофи ихтирооти занон дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор бо 375 ихтироот аз 19 давлат, аз ҷумла Полша, Эрон, Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Ӯзбекистон ва ғайра иштирок намудаанд. Ин намоишгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи фаъолияти ихтироъкории занони миллатҳои гуногун ва ба бунёди робитаҳои устувори илмӣ равона карда шудааст.
— Бояд кайд намуд, ки солҳои охир 3 нафар занҳои ихтироъкори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди 10 адад ихтирооти худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, аз ҷумла 1 медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардидаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ