Медали “Акбари Саттор” ва “Овози тоҷик” таъсис карда шудааст

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон медали ба номи “Акбари Саттор” ва “Овози тоҷик”-ро таъсис додааст. Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттиҳоди журналистон,  гуфтааст, ки ин медалҳо барои рушди матбуот ва беҳтар кардани маҳорати касбии рӯзноманигорон дар кишвар таъсис дода шуданд. Масъулони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гутфанд, дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси раҳбари собиқи Иттиҳоди журналистон мунъакис шудааст. Акбари Саттор тайи даҳ соли охир ин иттиҳодияро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи августи соли гузашта дар синни 50 даргузашт.

Медали “Овози тоҷик” ба муносибати нашрияи маъруфи “Овози тоҷик”, яке аз нашрияҳои нахустин ба забони тоҷикӣ дар Бухоро таъсис шудааст. Ин медал барои маҳорати касбии журналистон дода мешавад. Дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон гуфтанд, ки боз як медали дигар бо номи “100-солагии матубот” таъсис дода шудааст ва он ба афроде дода мешавад, ки дар таъсиси нашрияҳо, ҷалби рӯзноманигорон ва ташкили чопхонаҳо саҳм гирифтаанд. Ҳоло Иттиҳоди журналистон талош дорад, ба ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ мақоми давлатӣ дода шавад ва эътибору арзиши он боло бурда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *