Медали биринҷии Моҳрў Ҳалимова аз Кореяи Ҷанубӣ

Аз 24 то 27-уми июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати таэквандои Осиё баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат карданд. Дар ин мусобиқа 229 варзишгар аз 33 кишвари Осиё иштирок доштанд.

Аз ҷумҳурии мо Маҳмадҷон Суннатов (63 кг), Муҳамадҳусейн Шомаҳмадов (68 кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (80 кг), Ширин Миршакарзода (49 кг), Муниса Ойматова (53 кг) ва Моҳрў Ҳалимова (67 кг) ба Корея сафарбар гардида буданд.

Дар рўзи охири чемпионат варзишгари тоҷик Моҳрў Ҳалимова дар вазни -67 кг миёни бонувон медали биринҷӣ ба даст овард. Моҳрў муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Қатар Марам Фетнасси пирўз шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Урдун Ҷулиана Ал-Содиқ мағлуб гардида, ҷойи сеюмро гирифт.

Ин медали чоруми Моҳрў Ҳалимова дар Чемпионати Осиё мебошад. Ў соли 2016 медали нуқра ва солҳои 2018, 2021 медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *