Медали биринҷии варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов аз Чемпионати Осиё

19-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ оғоз ёфт, ки варзишгари тоҷик Ҳусейн Ҳасанов дар рӯзи аввали рақобатҳо дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Ҳусейн Ҳасанов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Абулфазл Миршакар мағлуб шуд. Бо сабаби он ки варзишгари эронӣ ба финал баромад, Ҳусейн имкон пайдо кард мусобиқаро идома диҳад. Ӯ дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳйук Сеомун ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Туркманистон Шатлик Юнусов пирӯз гардид.

Дар рӯзи аввал варзишгарони дигарамон Нодир Турсунзода (55 кг), Ансор Раҳматзода (92 кг), Акрами Ҷаҳонгир (110 кг) гӯштин гирифта, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

— Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гӯштин дар ду категорияи синну сол — то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар — 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд. Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола 19-22-юми июн ва миёни ҷавонони то 23-сола 23-26-уми июн баргузор мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *