Медали нуқраи Хоҷазода ва Раҳимов аз Hungary Masters 2023
Дар мусобиқаи «Hungary Masters 2023» дар намуди ҷудо, ки дар шаҳри Будапешт аз 4 то 6-уми август баргузор гардид, варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 2 медали нуқра шуданд.
Паҳлавони тоҷик Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг) дар финал аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб гардида, сазовори медали нуқра гардид.
Ҷудокори шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг) медали дуюми нуқраро дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон соҳиб шуд. Темур Раҳимов дар финал аз Сартти Пуумалайнен (Финланд) мағлуб шуд.
Намояндаҳои дигари Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов дар вазни -66 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кг дар даврҳои аввал ноком шуданд. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ба далели дарёфт накардани раводид ба кишвари Маҷористон дар ин мусобиқа ширкат накард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали нуқра дар байни 59 кишвар зинаи 11-умро соҳиб шуд. Мақоми аввалро ҷопониҳо ба даст оварданд.
«Hungary Masters-2023» дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шуд. Ғолибону ҷоизадорон бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ шуданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил дод. Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим шуд. Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз шуданд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ