Медали “нуқра”-и Рухшона аҳли Аштро шод кард
8.04.2018 дар шаҳри Душанбе олимпиядаи Ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки Рустамзода Рахшона Рустам аз ҷамоати Понғоз, деҳаи Хиштхонаи ноҳияи Ашт бо медали “нуқра” ба зодгоҳ баргашт.
Рухшона хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 61 ба номи “Раҳматулло Тошматов” буда, дар ин олимпиада сазовори ҷои 2-юм аз фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда медали «нуқра”-ро ба даст овард.
Мо миннатдории волидайн ва хешовандони ғолибро ба директори ин муассиса-Олимов Пайрав Камолиддинович ва муаллимаи тарбияткарда Тошматова Гулхумор ва ба тамоми омузгорони ин дабистон мерасонем. Инчунин ба Рахшона қуллаҳои баланди донишҷӯиро орзумандем.
Ҳаётҷони Одил
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ