Медали тилло далели чемпионии Сулаймони Ҷамшед
Варзишгарони тоҷик аз Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон 3 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа 12—13 апрел дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд.
Медали тиллоро Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг сазовор шуд. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг ҷои дуюмув медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -73 кг ҷои сеюму биринҷиро касб карданд.
Дар мусобиқа аз 10 давлати дунё 250 варзишгар иштирок карданд. Тоҷикистон ба ин мусобиқа мо 41 варзишгарро дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон, 1 вазн миёни духтарон) сафарбар намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ