Медали тилло ва биринҷии ҷавонони тоҷик аз Ҷоми Осиё

Ҷудокорони ҷавони кишвар дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, ки аз 12 то 15-уми май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ширкати 473 варзишгар аз 6 кишвар баргузор шуд, соҳиби як медали тилло ва як биринҷӣ шуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа миёни наврасон Фотимахон Гадоева (-52 кг), Ҷасур Лутфишоев (-55 кг), Худодод Шанбиев (-60 кг), Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев (ҳар ду -66 кг) муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ анҷом ёфт.

Дар сабқатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар — Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров (ҳар се -66 кг), Ҳоҷибек Мухтодов (-73 кг), Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов (ҳар ду -81 кг), Муҳсин Малаев (-90 кг) ва Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни онҳо Абубакр Шеров ба гирифтани медали тилло ва Парвиз Абдураҳмонов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

Абубакр Шеров (-66 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар ҷудокори мизбон Бекзод Каиргалиев пирўз шуд. Дар даври сеюм бар варзишгари дигари мизбон Куралбек Саталиев ғалаба кард. Дар даври чорякфинал Абубакр муқобили ҷудокори Ӯзбекистон Муҳриддин Ғиёсов пирўз шуд. Ў дар нимфинал бар Нурдавлат Базиржани қазоқ ва дар финал бар Азизбек Ортиқови ӯзбекистонӣ дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) дар даври якум бар Динассил Таттимбеки қазоқ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Муҳаммадқодир Мансуров шикаст хўрд. Сипас, дар даври тассалобахш Темирлан Кайролда ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Габдулманап Ерассилро (ҳар ду варзишгари мизбон) шикаст дода, барандаи медали биринҷӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *