Фирӯз дар Нурсултон медали тилло гирифт
Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – оғоз шуд, сазовори медали тилло гардид.
Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – оғоз шуд, сазовори медали тилло гардид, хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Фирӯз дар вазни 55 килои гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт. Дар финал варзишгари ӯзбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд. Дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифт, ки варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин гирифтанд.
Инчунин, ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд. Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гӯштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Лозим ба ёдоварист, ки дар чемпионат 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ҷумҳурии моро дар чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ