Медали варзишгари русро баргашта мегиранд

Варзишгари Русия Александр Крушелнитский, ки дар хунаш изи доруҳои манъшуда ошкор шуд, медали биринҷии Олимпиро бармегардонад. Дар ин бораи Додгоҳи ҳакамии варзишӣ рӯзи 22 феврал дар сомонааш хабар дод.

Александр Крушелнитский ва ҳамсараш Анастасия Бризгалова дар Пхёнчхан дар намуди варзиши кёрлинг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

«Мо баёнот додем, ки воқеан дар хунаш доруи неруафзо дорад ва ба ин далел медалро бармегардонем», — гуфт сухангӯи Федератсияи кёрлинги Русия Валентина Паринова.

Дар додгоҳи ҳакамии варзишӣ имрӯз парвандаи Крушелнитский баррасӣ мешавад. Крушелнитский мегӯяд, дар ин муҳокима ширкат нахоҳад кард.

Бознашр аз «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *