COVID-19: Дар Тоҷикистон шифоёфтагон рӯ ба афзоиш дорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки то бегоҳии 21 май дар кишвар 2350 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд. Аз  ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1008 нафар шифо ёфтаанд.  

Тибқи иттилои вазорат, ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 44  нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  21 майи соли равон дар мамлакат  3253  нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *