COVID-19. Табибони Полша бо коршиносони СУТ вориди Душанбе шуданд

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи табибони Полшаро, ки аз 16 нафар иборатанд,  дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифт. Ҳайати табибони Полша шоми 6 июн бо мақсади кӯмак дар таботати беморони коронавирус ва омӯзиши таҷриба вориди Душанбе шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамчунин, онҳоро дар ин сафар се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳӣ доранд.

Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

 Қаблан гурӯҳи мутахассисони соҳаи тандурустии Чин  дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии  COVID-19 ба Тоҷикистон омада буданд.  Аз ин пештар бошад, Ӯзбекистон гуруҳи мутахассисони соҳаи тибро, ки асосан вирусологҳо буданд, барои кумак дар пешгирии бемории коронавирус ба Тоҷикистон фиристода буд.

Тибқи маълумоти охири Вазорати тандурустӣ, то соати 18:00 дақиқаи 7 июн  дар Тоҷикистон 4529 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2673 (59%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Шабонарӯзи гузашта 76 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор шуда, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. То имрӯз дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *