Фавти 4 нафар дар беморхонаи 1-ум Советский. Шарҳи сардухтур
Дар Маркази саломатии №1 (воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советский)-и шаҳри Душанбе якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд.
Дар ин бора имрӯз, 22-юми апрел “Азия-Плюс” дар такя ба маълумоти сарвари беморхона Хуршед Рустамзода хабар додааст.
“Мутаассифона, имрӯз 4 нафар беморони мо аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо мардонанд”, — хабар дод ӯ.
Ба гуфтаи Хуршед Рустамзода, ташхиси коронавирус дар ин 4 нафар мардони фавтида натиҷаи манфӣ нишон додааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъи огаҳи “Азия-Плюс” хабар дод, айни замон беш аз 100 нафар бо илтиҳоби шуш дар ин беморхона бистариянд”.
“Се нафари онҳо дар ҳолати вазни қарор доранд”, — қайд кард ӯ.
Ёдрас мекунем, ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил додааст. Аммо дар бораи шумори фавтидагон аз ин беморӣ маълумот дода нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ