Медведев аз Ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод

Муовини раиси Шурои амнияти Русия Дмитрий Медведев бо нашри як матлаб дар нашрияи «Российская газета» баён доштааст, ки сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳон яке аз роҳҳои эҳтимолии ҳалли муноқишаи давомдор бо кишварҳои ғарбӣ мебошад.

«Он ҷудошавии тектоникие, ки дар дарки оянда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, торафт бадтар мешавад. Барои фаҳмидани он, ки марҳилаи муқовимат хеле тӯлонӣ хоҳад буд, фолбин будан лозим нест»,- гуфтааст Медведев.

Вай инчунин қайд кардааст, ки Ҷанги сеюми ҷаҳон яке аз роҳҳои бартараф кардани ихтилофҳои дарозмуддат буда, пас аз анҷоми он ҳеҷ кишваре баранда нахоҳад шуд.

Муовини раиси Шурои амнияти Русия ба эҳтимолияти истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар ин муноқиша ишора карда, пайомадҳои эҳтимолиро номбар кард, ки аз ҷумлаи он фарорасии зимистони ҳастаӣ, эпидемияҳо ва қаҳтӣ ҳастанд.

Қаблан Медведев аз ҷаҳони Ғарб даъват карда буд, то дарк кунанд, ки мухолифат бо Ғарб акнун ҷаҳонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *