Медведев гуфт, ки Меркел барои Русия шарики созандаву бофаҳм буд

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ба хабарнигорон гуфтааст, ки Ангела Меркел ҳамчун садри аъзами Олмон як шарики ғайриоддӣ, вале созандаву бофаҳм буд. Суханони ӯро “ТАСС” иқтибос овардааст.

«Созанда ба он хотир, ки бо ӯ ҳамеша ягон роҳи созишро ҷустан мумкин буд. Бофаҳм бо ин маънӣ, ки ба далелҳо гӯш медод. Ғайриоддӣ буд, зеро ӯ бисёр вақт мавқеъеро ишғол мекард, ки аз мавқеи мо хеле фарқ дошт, махсусан пас аз соли 2014”,- шарҳ додааст Медведев.

Тавре сомонаи Kp.ru қаблан навишта буд, президенти Русия Владимир Путин бо Ангела Меркел баъди истеъфояш суҳбати телефонӣ дошт ва ба ӯ барои ҳамкории чандинсолаи пурсамар изҳори сипос кард. Ӯ зикр намуд, ки аз дидани собиқ канслери Олмон дар Русия ҳамеша шод хоҳанд буд. Меркел дар посух гуфтааст, ки аз Путин барои кори муштарак миннатдор аст ва барои ӯ муколамаи муваффақ бо садри аъзами нави Олмон Олаф Шолтсро таманно кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Ангела Меркел 16 сол ҳукумати Олмонро раҳбарӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *