Медведев ва Ли Кесян ба Тоҷикистон меоянд
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ва Чин Ли Кесян барои иштирок дар мулоқоти Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон меоянд.
Ҳамоиши Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 11-12-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст, дар ин нишаст ҳайатҳои Ҳиндустону Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон масоили рушди тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва башарӣ дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро баррасӣ намоянд.
Интизор меравад, сарвазири Чин Ли Кесян ҳам дар иҷлоси сарвазирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон ширкат кунад.
Ба гузориши ТАСС, ба нақл аз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, сарвазири он кишвар пас аз дидори расмӣ аз Тоҷикистон ва ширкат дар ин нишаст, ба Ҳолланд ва баъдан ба Белгия сафар мекунад ва дар дувоздаҳумин иҷлоси Осиё ва Аврупо иштирок мекунад.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташкил шудааст. Ин созмон соли 2001 аз сӯи Чин, Русия, Қазоқистон Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъсис шудаааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ