Мегабайтҳо — ҳамчун туҳфа барои дақиқаҳои зангҳо дар VoLTE
МегаФон Тоҷикистон иқдоми “VoLTE 2023”-ро оғоз мекунад. Дар смартфони худ технологияи VoLTE-ро фаъол карда, алоқаи овозии сифати навро истифода баред. Барои ҳар дақиқаи суҳбат муштарӣ 1 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад. Мегабайтҳои туҳфавӣ дар як ҳафта як маротиба пешниҳод мегарданд. Иқдом то охири моҳи октябр давом мекунад.
VoLTE ё Voice over LTE — технологияи алоқа мебошад, ки барои якбора занг задан ва истифода бурдани интернети босуръат дар шабакаи 4G/LTE имконият медиҳад. Агар пештар барои занги овозӣ смартфон бояд аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт ва боз барқарор мешуд, пас ҳоло ин шарт нест. Афзалиятҳои дигари VoLTE — пайвастшавии зуд бо ҳамсуҳбат (ҳамагӣ 1,5 сония вақт мегирад) ва садои тоза мебошанд.
Барои иштирок дар иқдоми «VoLTE 2023» муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бояд тариқи суроғаи https://volte2023.megafon.tj/ ба қайд гирифта шуда, рақами абонентии худро нишон диҳад. Сипас — рамзи тасдиқи тавассути SMS-паёмак аз оператор дастрасшуда ворид гардида, розигӣ бо шартҳои иқдом, бо пахши тугмаи «Иштирок кардан мехоҳам» баён карда мешавад. Пас аз ин, дар танзимоти гаҷети худ VoLTE-ро фаъол карда, тариқи технологияи нав занг зада метавонед.
Барои пайваст кардани хизматрасонӣ дар дастгоҳҳои Apple, ба қисмҳои «Настройки» — «Сотовая связь» — «Параметры данных» — «Голос и данные / LTE» — «VoLTE» гузашта, воситаро фаъол созед.
Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самти амал чунин аст: «Настройки» — «SIM‑карты и мобильные сети» — «Настройки SIM‑карт» ё «Ваша SIM‑карта» — «VoLTE». Агар воситаи пайвасткунӣ/қатънамоӣ мавҷуд набошад, барои фаъол кардани технология рақамчинии USSD-дархости *#*#86583#*#* лозим меояд.
Дар дастгоҳҳои Samsung роҳи фаъолкунӣ чунин аст: «Настройки» — «Подключения» — «Мобильные сети». Дар ин банд, воситаро дар ҳошияи «Вызовы по VoLTE» фаъол намоед.
Дар шабакаи 4G занг занед ва барои ҳар дақиқаи суҳбат бо садои тоза як мегабайт интернет ба даст оред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ