MegaFon Football Day ва дастгирии дастаи мунтахаби миллӣ: МегаФон Тоҷикистон ва ФФТ якҷоя футболро рушд медиҳанд
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро барои солҳои 2024-2025 имзо карданд. Дар ҳуҷҷат имзои дабири кулли ФФТ Фурқат Аҳмадҷонов ва директори раёсати минтақавии МегаФон Тоҷикистон дар ш.Душанбе ва НТМ Далер Наимов гузошта шуд.
Ҷонибҳо нақша доранд, ки лоиҳаҳои муштаракро роҳандозӣ намуда, варзишро миёни ҷавонон оммавӣ гардонанд. Чорабинии нахустин – фестивали MegaFon Football Day дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Рӯйдоди асосии он бозии ситораҳо бо иштироки собиқадорони дастаи ҶТ ва ашхоси соҳаи ахбору иттилооти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фестивал барои мухлисони синну соли гуногун як чорабинии ҷолиб хоҳад буд.
Дар банди алоҳидаи созишнома пешбинӣ шудааст, ки ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ҳайси шарики расмии ФФТ ба тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
«Мо аз ҳамкорӣ бо ширкати пешбари телекоммуникатсионии кишвар хушҳолем. МегаФон Тоҷикистон шарики асосии федератсияи мо мегардад, ки ин барои ташкили бештари чорабиниҳои варзишӣ ва таъмини сатҳи баланди онҳо имконият медиҳад”, — мегӯяд дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов.
«Ширкати мо аз ҷиҳати ҳамкорӣ бо ФФТ таҷрибаи зиёди мусбат дорад. Зимнан, солҳои зиёд мо дар якҷоягӣ чемпионати футболбозони наврасро аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Тоҷикистон гузаронидем, ки ин мусобиқа яке аз лоиҳаҳои муҳими иҷтимоии ҷумҳурӣ гардид. Ҳоло мо ба сатҳи нави дастгирии футболи тоҷик, ки миллионҳо сокинони кишварамон онро дӯст медоранд, мебароем» — қайд кард директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Далер Наимов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ