Мехоҳӣ шаҳрванди Русия бошӣ? Аз рӯи қоидаи нав имтиҳон супор!
Аз 1-уми августи имсол муҳоҷирон дар Русия барои дарёфти ҳаққи кору зиндагӣ аз рӯи тартиби нав имтиҳони забони русӣ ва таъриху қонунгузориро месупоранд. Имтиҳон вобаста ба мақсади супоридани он ба се сатҳ тақсим карда шудааст. Сатҳи аввал барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент, дараҷаи дуввум барои иҷозати зисти муваққатӣ ё худ РВП ва саввум барои онҳое, ки ба иҷозатномаи зист ва ё «вид на жителство» дар Русия ниёз доранд. Имтиҳони русидонӣ ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ мегузарад. Суолҳо аз таърих ва асосҳои қонунгузории Русия дар шакли тестӣ ва бо истифодаи компютер дода мешаванд . Имтиҳонсупорӣ аз 80 то 90 дақиқа идома хоҳад кард. Ҳамчунин тибқи тартиби нав арзиши хидмати гузаронидани имтиҳон аз забони русӣ барои гирифтани РВП ва ё иҷозати сист 5 ҳазору 900 рубл ва барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент 3 ҳазору 800 ҳазор рубл муқаррар гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ