Мехоҳед хонаатонро таъмир кунед? Устои патентдор ёбед!

Нозирони андоз дар Душанбе маъракаи тафтиши санади устоҳои таъмири хонаро ба роҳ мондаанд. Нозирон асосан ба биноҳои навбунёд сар мезананд, ки аксари устоҳо маъмулан дар онҷо машғули таъмиранд.

Талаби нозирон ҳам аз устоҳо доштани “патент” аст. Дар ғайри сурат, нозирони андоз метавонанд ҳам усто ва ҳам соҳиби хонаро ҷарима банданд.Саидаҳтам Абдуллоев, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, гуфтааст,ки  нафароне, ки бо фармоиши соҳибмулкони алоҳида ба корҳои сотмонӣ ё таъмир машғуланд ва аз ин роҳ даромад мегиранд, бояд патент дошта бошанд. Абдуллоев гуфт, анҷоми «корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ» фаъолияти соҳибкорӣ эътироф шудааст, ки тавассути «патент» амалӣ карда мешавад.​»Устоҳои таъмиргар бояд патент гиранд. Ҳамчунон мувофиқи қоида соҳиби хона ҳангоми киро кардан бо сохтмончӣ шартнома бандад ва дар қарордод ҳаҷми кору маблағи он зикр карда шавад», — шарҳ додааст  ӯ. Дар  сурате ки фаъолияти бидуни патенти устоҳо ошкор мешавад, нозирони андоз ҳақ доранд ҳам худи усто ва ҳам соҳибхонаро ҷарима кунанд. Ӯ гуфт, «соҳибхона ҳам масъул аст, ки бояд донад усто соҳиби патент аст, ё не. Вагарна худаш бояд устоҳоро бо патент таъмин кунад.»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *