Мехоҳӣ мисли Шабнаму Садриддин машҳур шавӣ
Дар дил орзуи санъаткор шудан дорӣ, вале як шахси ғамхору меҳрубоне нест, ки дасти туро бигирад?
Мехоҳӣ таронаҳоят аз радиову телевизион садо диҳанд ва мардум ба ту офарин хонанд?
Мехоҳӣ, ки аксҳоят дар саҳифаи газетаҳои серхонанда чоп шаванд?
Мехоҳӣ, ки шоҳзодаҳои турку араб туро ба тӯйҳояшон ба Дубай ва Истамбул таклиф кунанд?
Мехоҳӣ мисли ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин дар хориҷи кишвар консерт диҳӣ?
Мехоҳӣ, мехоҳӣ, мехоҳӣ, вале дастат ба домони ин орзуҳои ширин намерасад?
Озурда мабош! Ҳафтаномаи «Оила» ин мушкили туро осон намуда, дастатро мегирад, агар дар ҳақиқат ҳунару маҳорати хуб дошта бошӣ!
Идораи ҳафтаномаи «Оила» ба ифтихори Соли ҷавонон дар байни ҷавонони аз 16 то 35 -солае, ки ҳунару маҳорати сарояндагӣ доранд ва дар жанрҳои эстрада ва рэп суруд мехонанд, озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро эълон менамояд. Сабти номи довталабон ба озмун аллакай аз санаи 23-юми май оғоз меёбад. Ғолибони озмунро сафари хотирмон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё интизор аст. Дар сурати дар ин озмун ғолиб омадан, ту имкон дорӣ, ки дар ин шаҳри мисли биҳишт зебо таронаҳоятро сабт намуда, ҳатто консерт диҳӣ!
Биштоб, зудтар ба рақами 985-81-89-81 занг зада, бо шартҳои озмун шинос шав ва худро номнавис кун! Чунин шанс танҳо як бор ба кас муяссар мегардад! Бахти худро аз даст мадеҳ, албатта занг зан ва дар озмун иштирок карда, орзуҳоятро ҷомаи амал бипӯшон!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ