Мейсон маҷруҳ шудааст, дар чанд бозии оянда иштирок намекунад

Нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” — Мейсон Маунт дар бозии даври 2-юми Премйер-лигаи Англия муқобили “Тоттенҳэм” маҷруҳ шудааст ва дар чанд бозии оянда иштирок намекунад.

Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба хабари дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Манчестер иттилоъ додааст.

Тавре хабар дода шудааст, Маунт дар бозии даври навбатӣ “Ноттингем Форест”-ро тарк хоҳад кард ва ба эҳтимоли зиёд 3-юми сентябр бо “Арсенал” низ бозӣ намекунад. Интизор меравад, ки Мейсон танҳо пас аз анҷоми таваққуф барои бозиҳои байналмилалӣ ба майдон бармегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “Манчестер Юнайтед” рӯзи 5-уми июл расман аз гузариши Маунт хабар дода буд. Бозигари англис рақами ҳафтро дар ҳайати тими шаҳри Манчестер гирифт, ки қаблан ситораи португалӣ Роналду бозӣ мекард. Қаблан Мейсон дар дастаи “Челси” бозӣ мекард, ки дастпарвари ин тим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *