«Мекушӣ, бикуш!- гуфтам. Мардум таваҷҷуҳ карданд ва ӯ гурехт…»

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе як ҷавонро бо гумони «таҳқир ва таҳдид» ба Абдуқодири Абдуқаҳҳоров, рӯзноманигор ва мудири китобхонаи Лоҳутии пойтахт дастгир карда, бо гуноҳи «майдаавбошӣ» ба понздаҳ шабонарӯз ҳабс маҳкум намудааст. Талбаков бовар дорад, ки шарҳу баёнияҳояш дар бораи руҳониён ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон ба ин ҳодиса сабаб шуд. Назари ҷавони дастгиршуда ба қазия дастрас нест. Пайвандонаш дар ноҳияи Фархор гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар надоранд.

“Фарёде, ки…»

Абдуқодир бо ҳарорат гап мезанад

Ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирди номи Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) баҳс дар ҷараён аст. Рӯзи 15-уми феврал пулиси Душанбе Туғён Исмоилови 25-соларо бо гумони таҳқир ва таҳдид ба ӯ дастгир кард. Дар хабари пулис номе аз ҷабрдида наомадааст, аммо мудири китобхонаи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков мегӯяд, ки ҳодиса ба ӯ рабт дорад.

Талбаков рӯзи 16-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 14-уми феврал бо набераҳояш дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе сайругашт мекард, ки ҷавоне бо рӯйи пӯшида ба ӯ наздик шуд.

“Баробари гузаштан гуфт, ки «эй зардуштӣ» ва боз чанд ҳақорати дигар кард. Аз номи гуруҳе ҳарф мезад. Гуфт, “дар назди мо ҷавоб мегӯӣ, барои таҳқири домулло, риши домулло». Вақте кор ба хархаша анҷомид, дасташро ба тарафи бағалаш бурд. Фикр кардам ё корд мебарорад ё яроқ. Садо баланд кардам, ки мекушӣ, бикуш. Мардум таваҷҷуҳ карданд ва ӯ гурехт»,- нақл кард Абдуқодир Талбаков.

Назари тарафи дигар ба ҳодиса маълум нест. Дар пайи ин ҳодиса Туғён Исмоилов боздошт ва барои майдаавбошӣ ба 15 рӯз зиндонӣ шуд. Пулиси Душанбе мегӯяд, воқеаро таҳқиқ мекунад, ки ин ҷавон дар ҷиноятҳои дигар даст дорад ё не. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки бе фаҳмидани назари ҳама тарафҳо қазоват кардан дар бораи қазия барвақт аст. Аз ҷумла, ин ки Туғён Исмоилов то куҷо дар ҳақиқат қасди куштани Абдуқодир Талбаковро дошт.

«Аз марги падар ва бародар асабонӣ шуд”

Туғён Исмоилов сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор аст. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ дар як сохтмон дар Душанбе кор мекард. Пайвандонаш аз ҳодисаи ахир изҳори бехабарӣ карданд.

Гулқадас Умарова, модари Туғён Исмоилов рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи равонии писараш хуб нест. Умарова афзуд, Туғён давоми ду соли охир аввал падарашро аз даст дод ва баъд бародарашро дар Русия куштанд. “Баъди ин ҳодисаҳо барои камтар гап асабӣ мешавад. Ӯ кор карда, моро мехӯронад. Ду фарзанд дорад, ба қарибӣ фарзанди сеюмаш таваллуд мешавад”,- афзуд Гулқадас Умарова.

“Ё Худоё, ман кофир?!”

Навиштаҳои Абдуқодир Талбаков дар бораи руҳониён, дини зардуштӣ ва китоби Авесто баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Худаш мегӯяд, маҳз барои изҳори назараш дар бораи дин ҳадди ақал панҷ бор ҳадаф қарор гирифтааст. Мунтақидони Талбаков мегӯянд, ӯ дидаю дониста ба эҳсосоти динии мусалмонон нохун зада, руҳониёнро бо ибораҳое чун “ҷорӯбриш” ва “бузриш” таҳқир мекунад. Мудири китобхонаи Лоҳутӣ ин ақидаҳоро рад мекунад.

“Падарам, бобоям олими ислом. Сад хатми Қуръон дорам, муаллими форсиям. Ягона китобе, ки аз Қуръон зиёдтар дар Тоҷикистон чоп шуда буд, китоби ман аст, ки «Муъҷизаҳои Қуръон» ном дорад. Тарҷума ва таҳияи худам аст. Яъне, 40 ҳазор нусха 20 соли ахир даст ба даст рафтааст. Бо ҳамин ман кофир ва инҳо мусалмон»,- мегӯяд Абдуқодир Талбаков.

“Идеологияи миллӣ вуҷуд надорад”

Қазияи ахири Абдуқодир Талбаков баҳси таҳаммулпазириро дар Тоҷикистон дигарбора доғ кард. Баъзе аз таҳлилгарон аз кам шудани таҳаммулпазирӣ дар кишвар нигаронӣ мекунанд.

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ, вазъро чунин шарҳ дод: “Дар гирду атрофамон ДОИШ-ӣ ва такфириҳо бисёр шуданд. ДОИШ, салафия, такфириҳо, Толибон ҳамаашон як принспип доранд, ҳар касе бо мо нест, пас зидди мост. Дар байни ҷавонон ифротгароӣ реша медавонад. Ин бисёр бад аст. Як идеологияи миллӣ барои ҷавонон пешниҳод нашуда истодааст».

Як ақида ҳам дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар боиси тундгаро шудани ҷавонон мешавад. Ҳамзамон бархӯрди ҳукумат ба мунтақидонаш ва ҳам аслҳои озодии сухан барои ҷомеа намуна медиҳад. Мақомот ҳамеша мавҷуд будани маҳдудиятҳоро рад мекунанд ва гуфтаанд, бо ифротгароӣ муборизаи беамон доранд, ҳарчанд самарбахшии ин мубориза таҳқиқ ва баррасӣ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *