Мелибоев — муовини нави раиси Бонки марказии Ӯзбекистон
— Содир Мелибоев муовини нави раиси Бонки марказии Ӯзбекистон оид ба амният ва ҳифзи иттилоот таъин шуд,- хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк.
Содир Мелибоев то имрӯз дар вазифаи директори Департаменти технологияҳои иттилоотии Бонки марказии ин кишвар кор мекард.
Мавсуф соли 1992 Донишгоҳи давлатии иқтисоди Тошкандро хатм кардааст.
Бояд гуфт, ки Содир Мелибоев таҷрибаи 15-сола дар низоми бонкӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ