Мероси Боймуҳаммад Ниёзов

— Созтароширо аз куҷо омӯхтед?

— Аз падарам, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.

Ин посухи Шарифҷон Ниёзов маро ба ҳайрат гузошт. Намедонистам, ки устоди санъат Боймуҳаммад Ниёзов, ки бо садои нотакрор ва сурудҳои мондагор номашро бо муҳри ҷовидона дар таърихи фарҳанги миллати тоҷик сабт кардааст, ҳунари дуредгариву созтарошӣ ҳам дошт…

Ҳайрати маро дида, Шарифҷон Ниёзов авроқи хотироташро варақгардон кард: “Вақте кӯдак будам, дар хона дуторе доштем, ки пайваста бо он бозӣ мекардам. Дутор дароз буду ҳар вақт аз дастам мелағжид. Падарам ин ҳолатро дида механдиданд. Як рӯз, Мастона Эргашева ба хона омада дуторро бурданд. Барои ин дутор ман бисёр гиря кардам. Падарам маҷбур, ба 23 сӯми шӯравӣ бароям рубоб харида доданд. Чанде бо он саргарам будам. Вале вақте мактаб рафтам, дар кружоки ҳаваскорон як ҳамсинфам бо дутор омад. Захми дили ман тоза шуду ба хона омада, шикоят кардам, ки чаро вай бача дутор дораду ман не ва боз ҳам гиристам. Падарам ҳамон бегоҳ ба Ҳисор тӯй рафтанду аз он ҷо як кундаро дар “Москвич”-ашон бор карда оварданд. Он вақт дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев дар паҳлуи Сирки давлатӣ зиндагӣ мекардем. Падар кундаро ба балкон оварда, бо теша ба тарошидан оғоз карданд. Ман кори эшонро тамошо мекардам. Билохира дутор тарошида шуд. Дар хона як мизи гирд, ки онро “хрушовский” мегуфтанд, доштем. Пойҳои он аз чӯби бук (рош) буд. Падар аз дигар чӯб ба миз пой сохта, як пойи онро канданд ва аз он дастаи дуторро низ сохтанд. Дутор омода шуд. Он ҳанӯз ҳамчун ёдгорӣ дар хонаи бародарам нигоҳ дошта мешавад… ”.

Шарифҷон Ниёзов аз падари бузургвораш ҳам ҳунари навозандагӣ, ҳам сарояндагӣ ва ҳам созтароширо мерос гирифтааст. Солҳост, ки ҳамчун ҳунарманд фаъолият дорад, дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба тарбияи ҳунармандони ҷавон машғул аст ва касби созтароширо низ идома медиҳад.

— Бо як дидан созтароширо магар омӯхтед?,- пурсидам аз ӯ.

— Не албатта, созтарошии падар боиси он шуд, ки ба ин пеша дил бандам. Баъдан дар Боку ва Душанбе кори устодҳои созтарошро назорат карда, бо чашм ин пешаро “дуздидам”. Тори аввалине, ки ман сохтам, то ба имрӯз дар дасти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев аст. Устод онро ҳоло ҳам менавозанд,- мегӯяд Шарифҷон Ниёзов.

Ин марди ҳунар вақте гуфт, ки “то ба имрӯз ягон асбоби корношоям насохтаам”, дар ҳайрат мондам. Суоли маро интизор нашуда, худ посух гуфт: “Ман ки навозанда ҳастам, зеру бами мусиқӣ ва пардаҳоро эҳсос карда, асбоби мусиқиро месозам. Бинобар ин, дар асбобҳои сохтаи ман ягон нотаи фалш (ноҷӯр) нест. Бисёр устоҳо мусиқиро дарк намекунанд, бинобар ин, асбобҳои месохтаашон босифат нест”.

Шарифҷон Ниёзов миқдори асбобҳои сохтаашро ҳисоб накардааст, вале мегӯяд, ки барои ҳунармандони зиёде дутору рубоб, тору тамбӯр ва дигар асбобҳои мусиқӣ сохтааст. “Дар ҳамаи асбобҳои сохтаам имзои худро гузоштаам”,- мегӯяд ӯ. 

Суҳбати мо бо Шарифҷон Ниёзов дар “Ҳавлии дуредгар”-и “Маҳаллаи ҳунармандон”-и Қалъаи азнавэҳёшудаи Хуҷанд иттифоқ афтод. Дар ин ҳавлӣ Шарифҷон Ниёзов ҳам тор метарошад, ҳам шогирдонро тарбия мекунад ва ҳам осорхонаи Боймуҳаммад Ниёзовро бунёд кардааст. 

Алоқамандони ҳунари Боймуҳаммад Ниёзов метавонанд зимни сафарашон ба Хуҷанд ин ҳавлиро зиёрат кунанд ва ҳам аз суҳбатҳову сурудҳои Шарифҷон Ниёзов баҳра бардоранд…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *