Месси Барселонаро тарк мекунад

Лионел Месси бо эҳтимолияти зиёд баъд аз хотимаи шартномааш бо «Барселона» дастаро тарк хоҳад гуфт, хабар медиҳад сомонаи расмии “ESPN”

Дар бораи ба дастаи англисии «Манчестер Сити” пайвастани Месси низ сару садоҳои зиёд ба гӯш мерасад. Хабар дода мешавад, ки Месси имкон дорад, ки баъди анҷоми шартномааш бо дастаи «Барселона» ба таври ройгон ба дастаи писандидааш гузариш кунад. Худи Месси низ борҳо азм намуда буд, ки дар сурати тарк намудани “Барселона” танҳо ба хотири аввалин устодаш Гвардиола ба “МС” гузариш хоҳад кард.

Ғайр аз ин «Сити» ягона бошгоҳе аст, ки метавонад дар як сол ба Месси дар ҳаҷми 50 млн фунт маош диҳад. Якчанд рӯз қабл мо шоҳиди муноқишаи Месси бо директори варзишии “Барса” Эрик Абидал гардида будем. Шояд ин доғи ҳангомави Мессиро аз “Барса” ҷудо намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *