Месси муҷозот ва $1,5 ҳазор ҷарима шуд

КОНМЕБОЛ аз болои Месси шикоят бурда, ӯро аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима намуд.

Ҳамлавари бошгоҳи “Барселона” ва яккачини Аргентина Лионел Месси аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима карда шуд. Дар ин бора сомонаи ТВ Варзиш хабар медиҳад.

Акнун, Месси дар бозии якуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба дастааш ёрӣ дода наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки Месси баъди бозии даври ½ ниҳоии Ҷоми Амрико-2019 бар муқобили Бразилия (0:2) кори доварони ин рақобатро ноадолатона хонда, ин мусобиқаро паст зад.

Ба гуфтаи Месси дар рақобат бар муқобили Бразилия бояд, ки довар бо истифода аз системаи видеодовар (VAR) ба дарвозаи мизбони ин мусобиқа камаш ду пеналти таъйин мекард.

Ҳамин тавр, КОНМЕБОЛ аз болои Месси шикоят бурда, ӯро аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *