Месси серҷоизатарин футболбози таърих шуд

Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси ва тими «Интер Майами» дар финали Ҷоми Лига дар варзишгоҳи “Геодис Парк” бар дастаи “Нэшвилл” ғалаба карда, қаҳрамони мусобиқа шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо бисёр ҷолибу диданӣ сурат гирифта, вақти асосӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид. Аз ҳайати дастаи шаҳри Флорида — Фафа Пико ва аз ҳайати тими шаҳри Майами — Лео Месси гол заданд.

Ғолиб тавассути силсилазарбаҳои 11-метра муайян карда шуд. Дар иҷрои зарбаҳои пеналтӣ дастаи «Интер Майами» дақиқтар баромад (10:9) ва ғолиби мусобиқа гардид. Барои дастаи Дэвид Бекҳэм ин ҷом дар таърих аввалин ва барои Месси 44-умин дар корномааш маҳсуб мешавад. Бо ба даст овардани ин ҷоиза Месси серҷоизатарин футболбози таърих шуд. Пас аз Месси футболбози бразилӣ Дани Алвес 43 ҷоиза ба даст овардааст.

Дар ин мусобиқа Месси ҳафт бозӣ анҷом дода, даҳ гол зад ва як ирсоли головар анҷом дод. Бо ин нишондод, Месси беҳтарин бозигари вохӯрӣ ва беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *