Метамфетамин аз Афғонистон ба даст афтод
Рӯзи 18 ноябр дар вилояти Хатлон боздошти ду шаҳрванди Афғонистон бо як бастаи бузурги маводи мухаддири синтетикӣ ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон.
Мушаххас шудааст, ки аз шаҳрвандони боздоштшудаи Афғонистон дар шоҳроҳи Ҷайҳун-Панҷи поён- рустои Шоликорони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 15 зарфи пластикии дорои ҳабҳои метамфетамин бо вазни умумии 14,85 кг мусодира шудааст. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, боздоштшудаҳо бо ҳадафи фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон марзро убур кардаанд.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки боздоштшудаҳо аз як шаҳрванди Афғонистон ҳабҳои метамфетаминро бо мақсади ба шахси дигар интиқол додан харидорӣ кардаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ