МИҲД-и шаҳри Исфара аз тирпарронӣ дар марз хабар дод (аудио)
Маркази матбуоти МИҲД-и шаҳри Исфара имрӯз бо пахши як иттилоия аз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.
— Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии Кехи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷониби наряди посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон сабаб оташ кушода шуд, ки дар ин вазъият вобаста ба ҳолати ба амал омада наряди посбонии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби низомиёни қирғиз оташи ҷавобӣ кушоданд,- омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва захм бардоштани низомиён ё аҳолии осоишта ба қайд гирифта нашуда, вазъият дар ин минтақа таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ