Нафақаи муҳоҷир. Русия боз шарт монд
Аз ин баъд муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия расман кору фаъолият мекунанд, аз кишвари Русия нафақа мегиранд. Созишномаи дахлдорро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин моҳи сентябри соли 2021 имзо кардаанд.
Нафақаи муҳоҷир
Тавре Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия расман кор мекунанд ва маошашон суғурта шудааст, метавонанд барои гирифтани нафақаи Русия муроҷиат намоянд.
Ба иттилои ин мақомдори тоҷик, агар шаҳрванд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Русия собиқаи корӣ дошта бошад, имкони дарёфти нафақа аз ҳар ду ҷонибро дорад.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақаи муҳоҷирони кориро тавзеҳ дода, гуфта буд, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ нафақа хоҳанд гирифт.
— Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд,- таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррари ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.
Муҳоҷирон чӣ тавр нафақаи Русияро гирифта метавонанд?
Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент бояд бо корфармо шартнома, дафтарчаи меҳнатӣ ва рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ дошта бошад. Корфармо бояд ҳар моҳ барои ҳар як корманд ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта супорад.
Тибқи созишномаи баимзорасида корманд ҳангоми кор дар Русия метавонад худаш интихоб кунад, ки дар кадом кишвар мехоҳад нафақа бигирад — дар Русия ё дар Тоҷикистон.
Агар пас аз нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки на дар Русия ва на дар Тоҷикистон, балки дар кишвари сеюм зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешаванд. Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад. Ҳиссагузорӣ 22 фоизи фонди солонаи музди корро ташкил медиҳад. Аз ин 22 фоиз 6 фоизаш тарифи ҳамраъй мебошад, ки барои ташаккули пардохтҳои устувор таъин шудааст ва 16 фоизаш тарифи индивидуалӣ мебошад, ки аз ҳисоби фонди инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Барои додани шаҳодатномаи суғурта шаҳрванди хориҷӣ бояд мустақилона ба хадамоти Фонди нафақа дар ҷои истиқомати муваққатӣ ё доимии худ муроҷиат кунад.
Тавсияи агентӣ
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд, даъват кард, то барои дарёфти нафақа дар он давлат кори расмӣ кунанд.
Даврон Вализода, раҳбари Раёсати таъминоти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар мегӯяд, миёни кишварҳои ИДМ аз соли 1999 созишномае буд, ки бар асоси он, ҳар шаҳрванде, ки дар кишвари дигари узви иттиҳод кору фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон давлатро мегирад.
Ба гуфтаи Вализода, аз сабаби он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор кардаву баргашта нафақаро дар кишвари худ мегирифтанд, созишнома риоят намешуд, ки ин вазъ ҳоло ҳалли худро ёфтааст.
Намояндаи агентӣ гуфт, ин созишнома танҳо онҳоеро фаро мегирад, ки дар Русия расман кор мекунанд.
«Аз кулли муҳоҷирон даъват мекунем, бештар дар ҷойҳое кор кунанд, ки расман ба қайд гирифта мешаванд. Агар маошашонро пурра нишон диҳанд, нафақаи хуб мегиранд. Дар самти дастрасӣ ба нафақа бо шаҳрвандони Русия баробаранд»,- гуфт Даврон Вализода.
Ёдовар мешавем, ки ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақагирони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ