Сафир фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод
Сафири тозатаъйини Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия рафт
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, сафири Тоҷикистон дар Русия бо мақсади баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба Чувашистони Русия сафар кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорат.
Манбаъ қайд кардааст, зимни мулоқоти сатҳи баланди ҳайати Тоҷикистон бо Роҳбари Чувашистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар меҳвари мулоқоти мазкур баррасии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи онҳо, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ба Чувашистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни мулоқот тарафҳо қайд кардаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Чувашистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Чувашистон дар самтҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ кор ва фаъолият менамоянд.
Зикр гардидааст, ки Чувашистон барои интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба таври муташакилона сафарбар гардидан, изҳори омодагӣ намуданд.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки дар идомаи сафар ҳайати дипломатии Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии Чувашистон дидан кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ