Михаил Калашников: Ҷанговар, ихтироъкор ва шоир

Бисёре аз мардуми ҷаҳон на Толстойро мешиносанд ва на Пушкин ё Достоевскийро, аммо номи Михаил Калашников барояшон ошност. Он ҳам на ба хотири шаш китоби шеъре, ки суруд, аммо ба хотири силоҳе, ки ихтироъ кард ва 70 соли тамом дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон ба таври гуногун истифода шуд. Ҳафтаи равон Михаил Калашников 100 — сола шуд. Ба ин муносибат матлабе, ки “Радиои Аврупои Озод” таҳия кардааст, пешкаши шумо мекунем.

Барои меҳанам, барои Сталин

Соли 1941, вақте Михаил Калашников аз тири тӯпи сарбозони олмонӣ танкаш дар ҷабҳа оташ гирифт ва худаш нимасӯз ба бемористон мунтақил шуд, баъд аз муолиҷа баргашт ва бо ранг ба рӯи танки сӯхта навишт, «барои меҳанам, барои Сталин». «Калашников»-ро ҳам мегуфт, ки ба ишқи Сталин сохта буд.

Падари Михаил Калашников гарчи замин ва дороии чандоне надошт, дар чаҳорчӯби «ислоҳоти замин»-и Сталин ба унвони як кулак ба Сибир табъид шуд ва аз он ҷо зинда баргашт.

Худаш ақида дошт, ки «гуноҳ»-и ихтирои Калашников ба гардани сарбозони олмонӣ аст, ки ӯро соли 1941 дар ҷабҳа ба сахтӣ маҷруҳ карданд. Саломатии худро ба таври нисбӣ дарёфт, нагузоштанд дубора ба ҷабҳа биравад. Дар пушти ҷабҳа, барои он ки сарбозони шӯравӣ силоҳи роҳаттаре дошта бошанд, ба фикр ва ихтироъ рӯй овард ва билохира «Калашников»-ро сохт, ки тавлиди он баъд аз ҷанг оғоз шуд ва аввалин намунаи он ҳам AK-47 ном гирифт. Ду сол баъд, яъне дар соли 1949, Калашников расман ҷузъе аз аслиҳаи Артиши шӯравӣ шуд.

Ҳоло Русия, 10-уми ноябри имсолро ба унвони садумин солгарди таваллуди оқои Калашниковро бо як ифтихор ҷашн мегирад. Оқои Калашников дар ҳамон даврони ҳаёташ то соли 2013 ҳам арҷ ва эҳтироми Кремл ва бахше аз ҷомеаи Иттиҳоди Шӯравӣ (Русия)-ро дошт ва бар садр нишонда мешуд. Аз солҳо, пеш муҷассамаи бузурге аз ӯро ҳам дар Маскав насб кардаанд.

Маҷмааи Калашников

Арҷгузорӣ ба Михаил Калашников ва ба вижа таблиғоти густурдае, ки дар садумин солгарди таваллуди ӯ анҷом гирифт, дар айни ҳол фурсате ҳаст барои муаррифии аслиҳаи Русия ва бозорёбӣ барои онҳо, ба вижа, ки таҳримҳои Ғарб бар фурӯши аслиҳаи Русия бетаъсир набудааст.

То соли 2014, ки робитаҳои Русия ва Ғарб бар сари буҳрони Украина дучори мушкил набуд, Русия ҳатто иқдом карда буд, ки Калашниковро дар бозорҳои пурравнақи силоҳи шахсӣ дар Амрикои шимолӣ низ пешниҳод кунад, аммо таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар пайи буҳрони ёдшуда, тарҳҳои Маскавро барҳам зад.

Дмитрий Тарасов, мудири ширкати «Калашников» дар авохири моҳи октябри соли ҷорӣ дар мулоқот бо дипломатҳои муқими Маскав, аз кишварҳое монанди Таиланд, Африқои ҷанубӣ, Нигерия, Бразилия ва Филиппин ба унвони бозорҳое барои намунаҳои нави Калашников ёд кард. Дар ҳоли ҳозир 27 кишвари дарёфткунандаи аслиҳа ва дигар силоҳҳое ҳастанд, ки дар «Маҷмааи Калашников» тавлид мешавад.

Дар яке ду даҳаи пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, сохти Калашников дар Русия мутаваққиф шуда буд. Ба ин далел, ки давраи набардҳои майдонии бузург поён ёфтааст ва давраи ҳавопаймои бидуни сарнишин ва ҷанги кибернетикӣ ва назорат бар қаламравҳои ҳавоӣ аст.

Оқои Калашников соли 2013 фавтид. Вале қабл аз он, ки бимирад, дастур дод, ки ду маҷмаи аслиҳасозиро якҷо кунад ва номашро ҳам «Калашников» бигузоранд.

Маҷмааи Калашников ҳоло, албатта, танҳо автомати Калашников намефурӯшад, балки маҷмӯае аз тавлидоте ҳамчун ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, қаиқ ва мошинҳои шикорӣ ва истироҳатӣ ва дигар навъҳои технологияро пешниҳод мекунад.

Аз Калашников то S-400

Автомати «Калашников» силоҳе аст сода, сабук ва муносиб дар ҳама вазъияти боду ҳавоӣ ва иқлимӣ. Тӯфон ҳам онро аз истифода берун намеандозад. Бино ба иддаои худи мутахассисони рус, ин силоҳ дар солҳои ахир ҳам, дар ҷангҳои дохилии Афғонистон ва Ироқу Русия, коромад будани худро нишон додааст.

Оморҳои Русия нишон медиҳад, ки солона ҳудуди 250 ҳазор нафар бо силоҳҳои Калашников аслӣ ва копӣ аз он дар саросари ҷаҳон кушта мешаванд. Шумораи «Калашников»-ҳои мавҷуд дар дасти ҷаҳониён ҳам боз бинобар баровардаҳои худи Русия ба сад миллион адад мерасад, ки ҳудуди 90 дарсади он ғайрирусӣ ва копишуда аст.

Сохти «Калашников» аз даҳаҳои пеш, аз ихтиёри Русия берун омадааст. Ҳам кишварҳои Аврупои шарқӣ онро копӣ кардаанд ва ҳам чиниҳо ва ҳам баъзе кишварҳои африқоӣ. Ин вазъият ҳосили даврони шӯравӣ аст, ки тавлидоташ шомили моликияти маънавӣ намешуд.

Русия афзун бар содир кардани маводи хоме монанди нефт ва газ, дар бозори аслиҳафурӯшии ҷаҳон ҳам саҳми қобили мулоҳизае дорад. Ин ҳузур, албатта, сирфан маҳдуд ба маҳсулоти ширкати «Калашников» нест. Бештарин даромадҳои аслиҳаи Русия аз фурӯши силоҳҳое монанди ҳавопаймҳои ҷангии «Сухой» ва системаи зиддимушакии S-400 ҳосил мешавад.

Эрон ва ҳамроҳ бо он Туркия, ки дувумӣ узви НАТО мебошад, аз ҷумлаи харидорони ин аслиҳаи русиянд. «Вижагиҳо»-и силоҳҳои русӣ, ҳарчанд дар кайфияташон набошад, аммо дар қимати муносибтари онҳо дар қиёс бо аслиҳаи ғарбӣ аст. Дар соли ҷорӣ, бино ба маълумоти ширкати мудирияти аслиҳаи Русия бо номи «Rosoboronexport», ин кишвар 11 миллиард доллар силоҳ фурӯхтааст, ки миёни 43 кишвари харидор, бахши асосӣ кишварҳои африқоӣ будаанд.

Дар маҷмӯъ, ширкатҳои сохти силоҳ дар Русия қарордодҳое бо маблағи умумии 50 миллиард доллар бо кишварҳои мухталиф имзо кардаанд, ки илова бар S-400, ҳавопаймоҳои Сухой-57 ва чархболҳои MI-28 ва албатта «Калашников»-ҳо ҳам шомил мешавад.

Аз анбӯҳе аз «Калашников»-ҳое, ки дар дунё ба фурӯш рафт ва дар даргириҳо ҳазорон нафарро ба куштан дод, камтар пул даромади худи ӯ шуд. Чун ба қавли худаш, коммунисти муътақид ва қонеъ буд, зиёд ҳам барои ин ҳасрат нахӯрд ва медалҳо ва бузургдоштҳо барояш кофӣ буд. Дар воқеъ, то охири умр ӯ буд ва ҳамин медалҳо ва ифтихороти даврони шӯравӣ ва хонаи сеутоқа дар минтақаи Урал ва ширкате, ки дар охирҳои умраш ба номи ӯ фаъол шуд.

Орзуяш ин буд, ки соли 2015 бишавад ва ӯ дар ҳафтодсолагии Фатҳи Берлин ба дасти неруҳои шӯравӣ ва ба зону даромадани неруҳои Гилтер дубора ба ин шаҳр биояд ва худро ба девори Рейхстаг бирасонад. Аммо аҷал ин имконро ба ӯ надод.

Ҳоло садумин солгарди таваллуди ӯро дар Русия ҷашн мегиранд. Муносибате барои ситоиш аз «хадамоти меҳанӣ»-и ӯ, ки гарчӣ ному нишоне аз офаринишҳои адабиаш дар он нест, аммо фурсате аст барои пешниҳоди аслиҳаи Русия ва таҳкими мавқеияти он дар бозори аслиҳаи ҷаҳон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
آزمون“کلک سبز” نتیجه گیری شد (ویدیو)
-->

Ба боло