Милисаҳо бо “Қуръон” қасам мехуранд…
Ҳафтаи гузашта кормандони мақомоти ҳифзби ҳуқуқи ноҳияи Юқоричирчиқи вилояти Тошканд дар ҳузури имом-хатиби ноҳия бо китоби муқаддаси «Қуръон” қасам хӯрданд, ки «пора намегиранд” ва «тамаъҷӯӣ намекунанд.”
Акси маросими савганди кормандони милисаи ноҳияи Юқоричирчиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, сарусадоҳои гуногунеро барангехтааст.Як корманди ВКД Ӯзбекистон ба радиои «Озодлик” хабар дод, ки маросими савганди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорчӯби барномаи давлатии мубориза бо коррупсия анҷом шуда, ҳадафаҳ иҷрои қарори президент Шавкат Мирзиёев дар мавриди иҷрои талаботи қонуни мубориза бо коррупсия мебошад. Як корманди ШКД ноҳияи Юқоричирчиқ ба шарти набурдани номаш гуфт, «дар ин ҳафта кормнадони милисаи Юқоричирчиқ се дафъа дар ҷаласаҳои бахшида ба масоили поймол кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва рафтори хидматӣ ва мубориза бо фасоду тамаъҷӯӣ иштирок карданд.”Ба гуфтаи ӯ, маросими адои савганди кормандони милиса дар ҳузури сархатиби ноҳияи Юқоричирчиқ доир шудааст: «Кормандони милисаи ноҳия даст рӯи китоби «Қуръон” гузошта, қасам хӯрданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд.”Сархатиби ноҳия аз шарҳи маросими савганди кормандони милиса худдорӣ кардааст, вале ба фикри як устоди Академияи ВКД Ӯзбекистон, маросими бо «Қуръон” қасам додани кормандони милисаи Юқоричирчиқ фармон аз боло нест: «Ман фикр мекунам, ки ин кор бо ташаббуси роҳбарони худи милисаи ноҳия шудааст. Маросими адои савганд бо ширкати нозирон аз аввали сол гузаронда шуда истодааст. Вале аз вазорат фармон надодаанд, ки кормандони милиса бояд бо «Қуръон” қасам бихӯранд.”Моҳи ноябр дар бархе вилоятҳои Ӯзбекистон маросими адои савганди деҳқонон доир шуд. Онҳо қасам хӯрданд, ки ба касби худ содиқ монда, ба рушди кишвар саҳм мегузоранд ва даст ба корҳои ҳаром намезананд.Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон ахиран маросими адои савганди кормандони тиб низ доир шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ