Милисаҳо «Малиш» -ро дастгир карданд

 Ба кормандони милитсия як нафар зани 26-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати «Малиш» ном шахс чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки санаи 16-уми марти соли равон, ҳангоми дар боғи «Дустии халқҳо» буданаш дашномҳои қабеҳ намуда, ӯро зери лату куб қарор додаст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як нафар ҷавони 16-солаи сокини ноҳияи Рудакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Айни замон нисбати гумонбар бо моддаи 237 (Авбошӣ) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *