Милиса пулис мешаваду либоз иваз мекунад

Дар шаҳри Душанбе либоси нави кормандони ВКД муаррифӣ шуд. Кормандони ВКД баъди табдили номи милиса ба пулис (политсия) ин либоси нави расмиро ба бар хоҳанд кард

Дар шаҳри Душанбе либоси нави кормандони ВКД муаррифӣ шуд. Кормандони ВКД баъди табдили номи милиса ба пулис (политсия) ин либоси нави расмиро ба бар хоҳанд кард. Аммо барои гузариш аз милиса ба пулис дар маҷмӯъ 60 миллион доллар ва барои таъмини кормандони ВКД бо либоси нав тақрибан 25 миллион доллар лозим будааст. Шералӣ Маҳмадшоҳзода, сардори раёсати таъминоти моддиву фаннии ВКД гуфт, арзиши як маҷмӯъ сари либос барои ҳар корманди пулиси оянда беш аз 34500 сомонӣ, ё тақрибан 3580 долларро ташкил хоҳад дод. Тарҳи нави либоси пулиси тоҷикро тарроҳ Нисо Қаюмова таҳия кардааст. Ӯ мегӯяд, барои таҳияи либоси пулиси тоҷик аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода бурдаанд.

Барномаи гузариш аз милиса ба пулис дар Тоҷикистон бо кумаки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз соли 2012 ба ин тараф амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *