Милиса танҳо “физик” нест!
Гузориш аз нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
…Ман ин гузориши худро аз охири нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ оғоз менамоям. Вақте ки суҳбати мо бо вазир Рамазон Раҳимзода дар толор ба поён расид, ӯ журналистонро ба ҷои дигар даъват кард. Он ҷо, дар рӯ ба рӯи мо зинапояе қарор дошт, ки ба таҳхонаи яке аз биноҳои вазорат мебурд.
-Ин ҷо чист? –пурсид, Раҳимзода
-Таҳхона…,- бо эҳсоси хавотирӣ ҷавоб доданд чанд нафар.
Миш-миш байни рӯзноманигорон сар шуд. Яке мегуфт, ки “ин ҷо ҷои нигоҳдории маҳбусони хатарнок”, дигаре бо қасам баён медошт, ки дар ин ҷо боздоштшудаҳои ба гуноҳашон иқрорнашударо азият медиҳанд ва саввуме муътакид бар он буд, ки дар ин таҳхона яроқу аслиҳа нигоҳ дошта мешавад. Вақте ки бо гумони тахминҳои худ вориди таҳхона шудем, пеши назарамон толори барҳавои чароғон намудор гашт ва дар рӯи мизҳои қатор гузошташуда анвои хӯрокворӣ гузошта шуда буд. Маълум гардид, ки ин ошхонаи вазорат буда, дар он ҷо меҳмонони вазорат-рӯзноманигоронро ба “як пиёла чой “ даъват карда будаанд…
…Рӯзноманигорон дар мавриди ошкорбаёнию ошкоргӯии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бисёр навиштаанд ва ҳар субҳ аз сомонаи иттилоотии ин сохтор маълумотҳои заруриро дар мавриди он чӣ дар давоми як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ гузашт, маълумоти заруриро пайдо мекунанд. Вале ин нишасте, ки Рамазон Раҳимзода ҳафтаи гузашта ташкил намуд, бештар ба як экскурсияе монданд буд, ки арзиши онро танҳо баъд аз баромадан аз дарвозаи дастгоҳи марказии ВКД эҳсос менамоед…
Китобхона
Милисаҳо фақат кодекс намехонанд…
..Дар зали калоне,ки дар ошёнаи чоруми Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир аст, дар рафҳои махсус садҳо китоб бо низом чида шудааст.Дар рӯи мизи дарозе чандин нашрияҳои ба истилоҳ “ҳукуматию” хусусӣ” қатор гузошта шудаанд. Чашмам ба нашрияи “Тоҷикистон” бархӯрду ба санаи чопаш диққат додам. Шумораи охирин буд. Нашрияҳои дигар низ нав буданд ва бастаҳо шаҳодат аз он медоданд,ки дар ин ҷо ҳамаи нашрияҳоро маҳфуз медоранд.Аз паҳлуи миз гузашта, тахминан китоберо ба даст мегирам ва унвонашро мехонам: “Ҳазору як шаб”…, китоби дигар “Чӣ тавр пӯлод обутоб ёфт…” ва маҷмӯаи шеърҳои шоирони муосир.Ҳамчунин, дар ин китобхона боз даҳҳо намунаи адабиёти бадеӣ ва илмии соҳавӣ ҷой дода шудааст, ки кормандони вазорат дар вақти зарурӣ аз он истифода бурда метавонанд.
-Мо чунин китобхонаҳоро дар тамоми шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳия ва вилоятҳо ташкил кардаем ва ин як самти фаъолияти баланд бардоштани фарҳангу касбияти кормандони мост,- гуфт роҳбалади мо..
Пас, милисаҳо низ бо вуҷуди он, ки мардуми комилан ҷиддӣ ва машғули хизмати пурхатар ҳастанд, мисли дигар инсонҳоянд ва аз “физикаю лирика”-ро баробар бохабаранд. Дар байни рӯзноманигорн боз ақидае сайругашт дорад,ки худи вазир низ аз адабиёти гузаштю муосир хуб огоҳ аст ва худаш низ шеър мегӯяд. Чӣ хеле, ки дар ин маврид мегӯянд, “себ аз дарахташ дур намеафтад…”
Маркази тестӣ
Магар милиса ҳам имтиҳон месупорад?
-Бале,-мегӯяд роҳбари Маркази тестии вазорат, ки ба рӯзноманигорон роҳбаладӣ мекунад. Дар толори махсусе,ки чанд компютер гузошта шуда буду дар паси онҳо милисаҳои унвонҳои гуногундошта менишастанд, хомӯшии комил ҳукмфармо буд.- Милисаҳо ҳам вақте,ки ба вазифаи нав таъин мешаванд, унвони баландтар мегиранд ва ё ба хориҷа сафар мекунанд, ҳатман имтиҳон месупоранд ва донишашон санҷида мешавад. Танҳо баъд аз ин бо тавсияи Маркази тестӣ онҳо метавонанд дар зинаи мансаб боло раванд ва ё унвон гиранд.
Ба духтараке,ки погонҳои лейтенантӣ дар сари китф дошт ва бо диққат ба экрани компютер назар дӯхта, аз байни ҷавобҳои пешниҳодшуда дурусташро мекофт, пурсидам:
Чӣ, дар пеш сафари хориҷа дорӣ?
-Не, маро ба кори масъулиятноктаре пешбарӣ карда истодаанд, барои ҳамин имтиҳон месупорам.
-Ба кадом кор?
-Узр мехоҳам, инаш махфист,-гуфт ӯ ва ба ҷустуҷӯи худ дар компютер идома дод…
Шаҳри бехатар
ҷинояткоронро низ бехатар мегардонад
…Барои хабарнигорон, хусусан журналистоне,ки мошин доранд, ба ин ҷо омадану “оинаи ҷаҳоннамои” ВКД-ро дидан басо аҷоиб буд. Дар паси пултҳои зиёди муҷаҳҳаз кормандони марказ нишаста, чашм аз экранҳои бузурге, ки дар рӯ ба рӯяшон буд, намеканданд. Дар ин толор набзи шаҳрро ба хубӣ эҳсос менамоед ва гӯё он дар кафи даст аст. Кӯчаҳои серҳаракат ва сели беохири мошинҳои гуногунтамға. Аммо Маркази “Шаҳри бехатар” ҳар як хатари бамиёнояндаро бо чашмони ҳамаҷобини худ ба қайд мегираду оҷилан агар зарур бошад, ба кумак мешитобад. Барои нишон додани қудрати дастгоҳҳои дурбини марказ ба мо дар экрани бузург аввал кӯчаеро нишон доданд,ки дурбини марказ ҳаркати мошинҳоро назорат мекард. Баъд дар як гӯшаи экран моҷарою кордзании ду нафар ба назар расид ва масофаи он аз ҷое,ки дурбинҳо ҳаракати мошинҳоро назорат менамуданд,хеле дур буд. Минбаъд, саҳнаи моҷароро хеле наздик карданд, ки дар он на танҳо чеҳраи моҷарокунандагон, балки корди дасти нафари ҷиноятпеша ва ҳатто дастаи нақшини онро дидан мумкин буд. “Аҳсан, ба қудратат… “даст ба гиребон гирифт як рӯзноманигори куҳансол…
-Мо бо ҳамин роҳ гунаҳкорони чандин ҷиноятро ошкор намудаем ва кори марказ танҳо аз ба ҳисоб гирифтани қоидавайронкунии ронандаҳо нест,-иброз намуд роҳбари Маркази “Шаҳри бехатар”…
…Ана дар яке аз 78 минтақаи дурбиндори шаҳр садама рух дод ва ду мошин бо ҳам заданд. Хайрият,ки касе осеби ҷиддӣ надид ва ҳар ду ронанда аз мошинҳои худ пиёда шуда, ба пешвози ҳамдигар рафтанд. Лаҳзае пас кормандони БДА, ки ин қоидашиканӣ ба воситаи дурбинҳо ба онҳо маълум гардид, ба пешвози онҳо мераванд. Кӣ қоидаро вайрон кард ва кӣ бояд ҷуброни молӣ кунаду ҷарима шавад, ин дурбинҳо хуб медонанд ва ҳеҷ як ришва наметавонад садди роҳи тантанаи адолат гардад…
Телефони боварӣ
кӣ ба он бовар мекунад?
Зани зебоандоме, ки рӯзноманигоронро дар он ҷо пешвоз гирифт, чунон бо забони адабии тоҷикӣ ва садои ба овози дикторҳои телевизион монанди махмалӣ сухан мегуфт, ки то погонҳои сари китфашро намедидӣ, ҳеҷ гумон намекардӣ,ки ӯ милиса асту аммо тоҷик нест.Тавре,ки худи Даря Александрона Золотова- роҳбари “Телефони боварӣ”мегӯяд, мардум ҳоло ба телефони боварӣ аз пештара дида хел зиёдтар занг мезананд ва дар бораи ин ё он ҷиноят ва ё нақшаи ҷиноят хабар медиҳанд,ки ин ба кори оперативии милиса хеле кумак мерасонад.
-Онҳо ҳатто дар мавриди ягон ҳодисае,ки дар маҷрои зиндагӣ рух медиҳад, ба мо занг мезананд. Масалан, дар ҳолатҳои зарурӣ оид ба сӯхтор ва ё кафидани лӯлаи об занг мезананд ва мо дар ин бора ба хизматгузориҳои зарурӣ хабар медиҳем. Яъне, ягон занги телефонии шаҳрвандон бе ҷавоб ва ё бе чорабинӣ нисбати он намемонад. Дар марказ ду рақами зангзанӣ дар ҳолатҳои зарурӣ амал мекунад: 21 21 ва 19 19. Барои имтиҳон занг занед, мефаҳмед,ки онҳо 24 соат фаъоланд…
Филми мустанад
ва ҷавобҳои вазир
Дар хотимаи ин саёҳат ба олами ВКД хабарнигоронро дар толори калони вазорат худи вазир, генерал –полковник Рамазон Раҳимзода Ҳамро интизор буд. Дар экрани бузурги толор филми мустанадеро оид ба фаъолияти сохтор ва бозсозии Вазорати корҳои дохилӣ намоиш доданд. Минбаъд худи вазир кӯтоҳакак таассуроти рӯзноманигоронро вобаста ба экскурсия дар дохили ВКД гузаронидаашон пурсон шуду баъд ба ҷавоби саволҳое,ки қаблан ба дафтари матубуотӣ ворид гардида буданд, оғоз намуд. Саволҳо мисли ҳамешагӣ ба фаъолияти нимсолаи вазорат ва ҷиноятҳои пурсару садо вобаста буданд. Вазир ба ҳар як саволи рӯзноманигорон вобаста ба он, ки савол ба кадом забон садо медиҳад, ҷавоб медод ва дар ҳолатҳои алоҳида ҷавоби муфассалро аз сардорони раёсатҳои вазорат талаб менамуд. Масалан, вазир ба саволи хабарнигор дар мавриди бозгашти гумроҳшудагоне,ки зери таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ аз Ватан беватан шуда буданд,ҷавоб дод, ки айни замон 99 нафар аз ҷумлаи онҳо ба Ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, вазир оид ба ширкати кормандони милиса дар мавриди озод намудани гаравгонҳо дар зиндони шаҳри Хуҷанд ҳарф зад. Рамазон Раҳимзода ба саволҳои рӯзноманигорон, ки аксаран хусусияти фардӣ доштанд, ҷавобҳои мушаххас дод. Дар хотимаи нишаст ӯ аз рӯзноманигорон хоҳиш намуд,ки дар мавриди пайдо шудани саволҳо ва дарёфти шарҳу эзоҳ ба сохторҳои вазорат муроҷиат намоянд. “Дари мо ҳамеша боз аст…” гуфт ӯ ва мо ба ин бори дигар боварӣ ҳосил намудем…
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ