Милисае, ки занро латукӯб кард, бозпурсӣ шуд, вале парванда боз нагардид (Видео)
Зан фарёд мезанад, ки «назан», вале нафаре бо либоси корманди милиса ва дар даст чубдасти ишоратии хоси кормандони БДА ба сару рӯйи зан чанд шаппотӣ мезанад.
Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони латукӯби як зани зоҳиран гирифтори бемории равонӣ, бозпурсӣ мешавад. Навори латукӯби ин зан рӯзи 21-уми март дар шабакаи «Фейсбук» нашр шуд.
Тавре «Радиои Озодӣ» дар сомонаи худ хабар медиҳад, як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Сафарбек Сатторов барои бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ ба тафтишоти ВКД гуфтааст, ки зан дар хиёбон дод мезад ва вақте хост, ӯро ором кунад, зан ба ӯ ҳамла кардааст ва аз ин рӯ дигар худашро идора карда натавониста, ба зан зарба задааст.
Зан зоҳиран гирифтори бемории рӯҳӣ ҳаст ва ба ташхис ҷалб шудааст. То ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст. Мақомоти ВКД мегӯянд, пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирфита мешавад. Нашри навори лату куби зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи вокуниши корбаронро ба бор овардааст. Бисёре аз корбарон рафтори корманди милисаро маҳкум кардаанд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи нашри ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буданд, ки ба таҳқиқи фаврии ҳодисаи латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса шуруъ кардаанд Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, қазия фавран мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
«Таҳқиқ маълум мекунад, ки чӣ ҳодиса шудааст. Бо супориши сардори РКД ин ҳодиса таҳқиқ мешавад ва дар наздиктарин фурсат аз натиҷааш хабар медиҳем. Ҳоло тафсилоти зиёд надорем»,-гуфтааст ин манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ