Милисаи қалбакӣ ва 400 сомонӣ ришва
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола, сокини ноҳияи Ашт хабар дод, ки худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз марди 40-сола пора талаб кардааст.
Тибқи иттилои ВКД ба мақомоти милисаи ноҳияи Ашт сокини 40-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки тахминан соати 22:00-дақиқа, марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамон, автомашинаи тамғаи “Тико”-ро манъ намуда, худашро ҳамчун корманди милитсия намудааст: “Милисаи қалбакӣ бо баҳонаи гузаштани мӯҳлати муоинаи техникии автомашинаи мазкур, рақами пеши автомашинаро гирифта, барои баргардонидани он 400-сомониро ҳамчун пора талаб намудааст”.
ВКД афзуд, ки 8-уми сентябр корманди тақаллубии милиса ҳангоми гирифтани 300-сомонӣ, аз ҷониби кормандони воқеии милиса дастгир шуд: «Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ