Милисаи  Душанбе бепул, дар дигар ҷой 250 сомонӣ…

Хидмати якрӯзаи милисаи сайёҳӣ барои ҳимоят аз ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон 250 сомонӣ, муодили тақрибан 25 доллари амрикоӣ таъйин шуд.

 Ин маблағ на аз буҷаи давлатӣ, балки аз кисаи ширкатҳое пардохта хоҳад шуд, ки хадамоти милисаи сайёҳиро фармоиш медиҳанд. Ҳамчунин, ин ширкатҳо муваззаф мешаванд, милисаҳои сайёҳиро бо ҷои хобу се вақт хӯрок таъмин намоянд.Идораи милисаи сайёҳӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ҳамлаи маргбор ба сайёҳони хориҷӣ ташкил шуд. Намояндагони баъзе аз ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки таъсиси идораи милисаи сайёҳӣ дили ҷаҳонгардонро барои тамошо аз кишвар гарм кардааст. Вале онҳо мегӯянд, харҷи ҳомиёни ҷаҳонгардони хориҷӣ ба гарданашон бор шуд ва бахше аз даромадашонро қайчӣ зад. Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иддао доранд, дар аввал ба онҳо гуфта шуда буд, ки хадамоти милисаҳои сайёҳӣ бепул аст, вале дар ду ҳафтаи охир таҷриба карданд, ки барои кори якрӯза ва ҷои хобу хӯрду хӯрокашон наздики 500 сомонӣ сарф мешавад.Хадамоти милисаи сайёҳӣ танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бепул аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *