Милисаи латукӯбгари зан барканор шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз кор ронда шудани корманди милисае хабар дод, ки дар рӯзи Ҷашни Наврӯз дар хиёбони Душанбе занеро лату кӯб карда буд.

Дар хабари ВКД омадааст, “бозраси роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД ҶТ старшинаи милиса  Сафарбек Маҳмадсаидзода бо шаҳрванд Мадина Шамсоваи 33-сола, ки пеш барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуда ва дар ҳолати мастӣ қарор дошт, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсоваро   гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда, худ ба қонуншиканӣ, яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додааст”. 

Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Сафарбек Маҳмадсаидзода аз мақомоти корҳои дохилӣ озод шудааст.

Ҳамчунин, дар хабар таъкид шудааст, ки “роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд”.

Зимнан, пас аз нашри ду навори кӯтоҳ аз манзараи лату кӯби як зан аз сӯи корманди милиса дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар рӯзи 21 март Вазорати корҳои дохилӣ билофосила чораҳои зарурӣ андешида ва ин кормандро муҷозот кардааст.

Видеои лату кӯби зан аз ҷониби корманди милиса тавассути гурӯҳи “Мо-тоҷикистониён” дар наздики бинои Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе наворбардорӣ шуда ва дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” мунташир гардид.

Дар навори аввал корманди милиса, ки чӯбдасти кормандони БДА дошт, ба сару рӯйи зан чанд торсакӣ зад. Бархе аз раҳгузарон ба бемории рӯҳӣ доштани зан таъкид карда, мехостанд милисаро аз ин амалаш боздоранд.

Дар навори дуюм зан рӯи замин афтодаю милиса барои ба пой рост кардани ӯ талош мекунад ва зан фарёд мезад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *