Милисаи ришвахур ба даст афтод
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентии зидди коррупсия, Ғаюров Таҳмурас Файзидинович дар вазифаи сардори қисми навбатдории ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, ба ришвагирӣ даст задааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда, моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писари охирин, маблағи 3 ҳазор доллари ИМА талаб намудааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда аз маблағи талабнамудааш 15.000 сомониашро гирифтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ғаюров Т.Ф. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ