Милисаи собиқ ва роҳбари Маркази миллии тоҷиконро боздошт карданд

Ба зидди Абдулмаҷид Ғафуров, роҳбари Маркази миллии фарҳангии тоҷикони Чувашия боз як парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро бо ҳукми додгоҳ ба ҳабс гирифтаанд.

Абдулмаҷид Ғафуров ба қаллобӣ айбдор мешавад. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ аз як сокини Маскав барои қатъи парвандаи ҷиноияш ва аз як зодаи Тоҷикистон барои барқарор кардани ӯ дар донишгоҳи шаҳри Чебоксари пул гирифтааст.Бино ба гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ, Абдулмаҷид Ғафуров, роҳбари Маркази милли фарҳангии тоҷикон (Таджикский национальный культурный центр), бузургтарин созмони муҳоҷирони тоҷик дар ҷумҳурии Чувашияи Русия аз ҷониби кормандони ФСБ бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шудааст.Ғафуровро ибтидо барои он дастгир кардаанд, ки аз як сокини Маскав пули калон гирифта, ваъда додааст, ки масъалаи таъқиби ӯ дар чорчӯби як парвандаи ҷиноятиро бо истифода аз алоқаҳояш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонии Чувашия ҳал мекунад.Аммо ҳанӯз тафтиши ин парванда анҷом наёфта, Ғафуровро боз ба як кӯшиши дигари қаллобӣ айбдор карданд. Ин дафъа, менависад нашрияи маҳаллии «Версия», Абдулмаҷид Ғафуров ба як зодаи Тоҷикистон, ки аз донишгоҳи Чебоксари хориҷаш карда буданд, ваъда додааст, ки дар ивази пул метавонад ӯро дар ин донишгоҳ барқарор кунад. Қаблан Ғафуров дар шаҳри Қурғонтеппаи Тоҷикистон ба ҳайси муфаттиши милиса фаъолият доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *