Милисаи тоҷик дар Кипр ҳамаро қоил кард
Фарҳод Ҳусейнов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Кипр оид ба самбои соҳилӣ медали тилло ба даст овард.
Устоди дараҷаи байналмилалӣ, лейтенанти калон Фарҳод Ҳусейнови 30-сола, ки муфаттиш-таҳқиқотчии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошад, борҳо дар мусобиқоти минтақавӣ оид ба самбои размӣ муваффақ шудааст.
Вай рӯзи 23-юми июл дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Ларнакаи Кипр баргузор шуд, дар риштаи самбои соҳилӣ дар вазни зери 90 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ