Милисаи тоҷик – ғолиби самбои соҳилӣ

 Фарҳод Ҳусейнов, паҳлавони тоҷик, дар чемпионати кушодаи Кипр оид ба самбои соҳилӣ медали тилло ба даст овард. Устоди дараҷаи байналмилалӣ, лейтенанти калон Фарҳод Ҳусейнови 30-сола, ки муфаттиш-таҳқиқотчии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт мебошад, борҳо дар мусобиқоти минтақавӣ оид ба самбои размӣ муваффақ шудааст.

Тавре Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо хабар расонд,  Фарҳод Ҳусейнов дар ин мусобиқа дар вазни зери 90 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб намуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *