Милитсия роҳзанони ниқобпӯшро дар як шаб ошкор кард

5 миллион сомонӣ гирифтанду дастгир шуданд, ду нафар дар ҷустуҷӯ…

 

 5 миллион сомонӣ гирфтанду дастгир шуданд, ду нафар дар ҷустуҷӯ…

14 октябр, соати 12:10, дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як гуруҳи роҳзанони ниқобпӯш ба шаҳрванд Қурбонов Илҳомҷон Хушвақтович, директори ҶДММ «Оли Сомон» ҳамла карда, бо зӯр аз дохили мошини Лексус RX-350»-и ӯ 406 ҳазор доллар ва як миллиону 100 ҳазор сомониро ба яғмо бурдаанд. РВКД Душанбе хабар дод, ки ба гуруҳи фаврию тафтишотӣ таҳти роҳбарии сардори милисаи пойтахт генерал-лейтенант Шариф Назарзода муяссар шуд, ки дар зарфи як шабонарӯз шахсияти роҳзанҳоро муайян ва аз 5 нафари гумонбар се нафарашро дастгир кунанд.

Дастгир шудаанд:

1. Шамсиддинов Далер Акрамович санаи таваллудаш 1.10.1984, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Соҳилӣ;

2. Эргашев Шавкат Асламович санаи таваллудаш 20.03.1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳосилот;

3. Достов Абдуламон Маҳмадович санаи таваллудаш 5.03.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, соли 2015 бо моддаи 237 қисми 3 ва соли 2018 бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Дар ҷустуҷӯ қарор доранд:

1. Азизов Фирӯз Давлатшоевич санаи таваллудаш 19.03.1991, зодаи ВМКБ, ноҳияи Ванҷ, деҳаи Язғулом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, соли 2017 айнан бо моддаи 167 Кодекси ҷинояии Федератсияи Россия (роҳзанӣ) суд шудааст;

2. Исматов Бодур Назарович санаи таваллудаш 28.04.1988, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев;

Санаи 14 октбяри соли ҷорӣ, соати 12.10 дақиқа ба Қисми навбатдории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабари телефонӣ оид ба содир гардидани ҷинояти роҳзанӣ ва тасарруфи маблағ дар ҳаҷми махсусан калон – зиёда аз 5 млн сомонӣ дар маҳаллаи Дарвози ноҳияи Фирдавсӣ ворид гардид.

Бо хабари мазкур гуруҳи фаврӣ-тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе ба таври фаврӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, муайян гардид, ки соати 12.10 дақиқаи санаи мазкур шахсони номаълуми ниқобпӯш бо истифодаи таҳдиди зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ба шаҳрванд Қурбонов Илҳомҷон Хушвақтович директори ҶДММ «Оли Сомон» дарафтода, аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Лексус RX-350» рақами қайди давлатиаш 1085СТ01 маблағи нақд ба миқдори 406 000 доллари ИМА ва 1 млн 100 ҳазор сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ҳодисаи мазкур ҷиҳати ошкору муайян намудани нафарони дар ин ҷинояти вазнин дастдошта ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи соҳибкори ватанӣ бо Фармоиши сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Ш.Р. гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, ба ҳайати он кормандони ботаҷрибаи самтҳои тафтишотию оперативӣ ва криминалистӣ шомил карда шуданд.
Дар натиҷа кормандони милитсияи пойтахт бо истифода аз роҳу усулҳои оперативӣ ва баргузории маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ҳамагӣ бо гузашти 1 шабонарӯз ошкорёбии ҷиноятро таъмин намуда, нафарони дар он дастдоштаро дастгир намуданд.
Инҳо:
Шамсиддинов Далер Акрамович санаи таваллудаш 1.10.1984, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Соҳилӣ;

Эргашев Шавкат Асламович санаи таваллудаш 20.03.1982, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳосилот

Достов Абдуламон Маҳмадович санаи таваллудаш 5.03.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, соли 2015 бо моддаи 237 қисми 3 ва соли 2018 бо моддаи 347 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ ҳамчунин шахсияти ду нафар гумонбарони дигар, ки иҷрокунандаи бевоситаи амалҳои роҳзанӣ дониста мешаванд муайян карда шуд. Дар натиҷа бинобар пинҳон шуданашон аз рафти тафтишот дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда, барои дастгир намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Инҳо:
Азизов Фирӯз Давлатшоевич санаи таваллудаш 19.03.1991, зодаи ВМКБ, ноҳияи Ванҷ, деҳаи Язғулом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, соли 2017 айнан бо моддаи 167 Кодекси ҷинояии Федератсияи Россия (роҳзанӣ) суд шудааст;

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ ҳамчунин шахсияти ду нафар гумонбарони дигар, ки иҷрокунандаи бевоситаи амалҳои роҳзанӣ дониста мешаванд муайян карда шуд. Дар натиҷа бинобар пинҳон шуданашон аз рафти тафтишот дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда, барои дастгир намудани онҳо чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Инҳо:
Азизов Фирӯз Давлатшоевич санаи таваллудаш 19.03.1991, зодаи ВМКБ, ноҳияи Ванҷ, деҳаи Язғулом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, соли 2017 айнан бо моддаи 167 Кодекси ҷинояии Федератсияи Россия (роҳзанӣ) суд шудааст;

Дар  доираи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи нафарони болозикргардида дар ҳайати як гуруҳи ҷиноӣ пешакӣ нақшаи содир намудани ҷиноятро таҳия намуда, ҳангоми амалинамоӣ ҳар яке нақши худро бозидааст.
Айни ҳол 3 нафар аъзоёни гуруҳи ҷиноятӣ дар боздошт қарор дошта, 2 нафари дигар дар кофтуков қарор доранд. Аз маблағҳои тасарруфкардашудаи гуруҳи ҷиноӣ 1 млн 123 ҳазор сомонӣ ва 136 ҳазор доллари ИМА дарёфту мусодира карда шуда, барои барқарор намудани боқимонда маблағ чораҳои дахлдор идома дорад. Ҳоло нисбати ҳамаи аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Бо истифода аз фурсати мазкур ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати ягон ахборот доштан оид ба макони будубоши ҷинояткорони махсусан хавфнок Азизов Фирӯз Давлатшоевич ва Исматов Бодур Назарович ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои зерин кумак намоед. Нафароне, ки барои боздошти ҷинояткорон кӯмак мекунанд, онҳоро мукофотпулӣ интизор аст.
(837) 221-00-57; +992905000550.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *