Миллати солим-боигарии давлат

Таҷлили Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат дар рӯзи зодрӯзи падари илми тиб Абӯалӣ ибни Сино рамзӣ ва фоли нек буда, ҳар кадоми мо — кормандони соҳаи тандурустии кишварро водор месозад, ки ба пешаи интихобкардаамон содиқ бошем, ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал қарор диҳем ва пайравони асили ин ҳакими давру замон будани хешро исбот намоем.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳои хеш таъкид мекунанд: “Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум бойигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст”.

Ҳамин аст, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ, бахусус дастгирии ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва маъюбон бо роҳҳои тадриҷан боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Махсусан, дар баробари дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳои қаблӣ, аз 1-уми июли соли 2024-ум 20% зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи тандурустӣ аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дарак медиҳад.

Беҳтар кардани вазъи кадрии соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор рафта, он зери таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар ин замина, қайд кардан бамаврид аст, ки то 1-уми июли соли 2024 дар муассисаҳои тандурустӣ 21616 нафар табиб ва 62485 нафар корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 2,1 ва 1,8 % зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2023 мутаносибан табибон 180 нафар зиёд ва кормандони миёнаи тиббӣ 1029 нафар кам мебошанд.

Дар ин давра дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат дар маҷмуъ 7799 нафар кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи 6 моҳи соли гузашта 366 нафар зиёд мебошад. Инчунин, дар ин муддат 187 нафар мутахассисон дар муассисаҳои таълимию илмии хориҷи кишвар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 41 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа айни ҳол дар ҷумҳурӣ 37 коллеҷи тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷи тиббии давлатӣ ва 21 коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

Дар соли ҷорӣ баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла сохтмон, таъмиру таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ дар кишвар як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 34 адад муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 110 адад муассисаи тандурустӣ таъмир гардиданд.

Яке аз самтҳои муҳими соҳа — ин пайваста ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ мебошад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии кишвар 62 навгониҳо, аз он ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шудааст. Навгониҳои дар самти ташхис воридшуда, бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмуҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю рӯда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегиранд.

Дар ин росто, зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳарчи бештар коркард ва истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар соҳаи тиб   айни замон дар ҷумҳурӣ 64 корхонаҳои ватанӣ истеҳсоли 592 намуд доруворӣ ва молҳои тиббиро, ки дар умум 346 номгӯйро ташкил  медиҳад, ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Олии Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар минбаъд низ ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат тамоми кӯшиш ва талоши худро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона хоҳанд сохт.

Бо чунин ният ва таманниёти нек тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба ифтихори Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб самимона шодбош мегӯям!

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,

вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *