Миллер Толибонро мағлуб мекунад?

Генерали амрикоӣ Скотт Миллер фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро ба ӯҳда гирифт.

Сари кор омадани фармондеҳи нав дар ҳолест, ки стратегияи ИМА барои сари мизи гуфтушунид нишондани Толибон ҳарчи бештар зери суол меравад.Скотт Миллер дар маросими муаррифии фармондеҳи нав дар қароргоҳи ҳайати кӯмаки НАТО дар Кобул рӯзи 2 сентябр гуфт: “Барои пирӯз шудан, мо бояд пайваста муҳит ва душманро омӯхта ба он одат кунем”. Ӯ гуфт, ки дар ин масъала ҳолати дугона буда наметавонад ва “мо наметавонем қонеъ бошем”.Аз замони қабули стратегияи нави фишор ба Толибон ва амалиёти ҳавоӣ ба ҳадафҳои ҷангиён як сол мегузарад. Дар ин муддат ҳазорҳо нирӯ барои тамрин ва машварат ба нирӯҳои милии Афғонистон сафарбар шуданд.
Вале ҳанӯз ҳам аломати возеҳи ин ки пешрафте дар Афғонистон мушоҳида мешавад, вуҷуд надорад. Шумори ҳамлаҳои ҷангиён ба ҳадафҳои ҳукумативу низомӣ ва ҳам мулкӣ ба нишондодҳои рекордӣ мерасад. Нирӯҳои миллии Афғонистон бо сабаби хисороти зиёд ва мушкили дастрасӣ ба муҳимот ва ҳам аз назари заъфи ташкилӣ дар ҳолати хуб қарор надоранд.Дар ҳоле, ки Толибон ҳеҷ маркази муҳими шаҳрнишинро ба дар наовардаанд, боз ҳам қаламравҳои зиёди кишвар таҳти назорати Толибон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *